Январ 06, 2021 13:49 Asia/Dushanbe
  • То ҳол садҳо полиси афғон ба дасти хоинони Толибон  дар артиши Афғонистон кушта шудаанд
    То ҳол садҳо полиси афғон ба дасти хоинони Толибон дар артиши Афғонистон кушта шудаанд

15 полиси Афғонистон дар ҳамлаи омили нуфузии Толибон дар вилоёти Қандаҳор ва Ғазна кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алӣ Шикорӣ сухангӯи артиш дар вилояти Ғазнаи Афғонистон эълом кард: «Як нуфузии Толибон дар минтақаи Тавҳидобод дар маркази вилояти Ғазна бо ҳамла ба ҳамкорони худ 7 сарбози артишро ба қатл расонд ва як нафарро низ захмӣ кард.»

Бархе манобеъ низ эълом кардаанд пас аз ин рӯйдод Толибон муваффақ ба тасарруфи посгоҳи нерӯҳои артиш шуданд ва силоҳу муҳиммоти нерӯҳои артишро бо худ бурданд. 

Аз вилояти Қандаҳор низ хабар расидааст ки як нерӯи нуфузии Толибон дар шаҳристони Арғандоб ба сӯи ҳамкорони худ тирандозӣ кард, ки дар натиҷа 8 сарбози полис кушта шуданд.

Ҳарду муҳоҷими нуфузӣ дар Қандаҳор ва Ғазна муваффақ ба фирор шуданду нерӯҳои давлатӣ натавонистанд онҳоро дастгир кунанд.

Ҳамлаи омилони хоини Толибон ба низомиёни Афғонистон дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки музокироти сулҳи байни давлати Кобул ва гурӯҳи Толибон дар Қатар аз чанд моҳ қабл оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп