Боздошти муфтии Қирғизистон ба иттиҳоми қаллобӣ ва ришвахорӣ
(last modified Thu, 11 Feb 2021 10:39:18 GMT )
Феврал 11, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Муфтии аъзами Қирғизистон ба ришвахорӣ ва сӯистифода аз пули ҳоҷиён аст
    Муфтии аъзами Қирғизистон ба ришвахорӣ ва сӯистифода аз пули ҳоҷиён аст

Муфтии собиқи Қирғизистон ба иттиҳоми ришвахорӣ ва қаллобӣ боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев муфтии аъзам ва раиси идораи муфтиёни ин кишварро, ки рӯзи 10 феврал истеъфо дода буд, боздошт кард.

Комитети вилоятии амнияти милии Қирғизистон дар ҳоли фароҳам кардани мароҳили муқаддамотии бозҷӯи аз ҳиссобдори аршади идораи муфтиёт аст, ки ҳангоми ришва додан ба кормандони Комитети Амнияти миллӣ дастгир шуд.

Гуфта мешавад, ки бар асоси бозҷӯиҳои аввалия шавоҳиди инкорнопазирӣ аз мушорикат доштани муфтии Қирғизистон дар ин ҷурм ба даст омадааст.

Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев ба иттиҳоми истифода аз вуҷуҳи ҳоҷиён ва дигар тахаллуфоти молӣ дар боздоштгоҳи муваққати Комитети умури хориҷаи Амнияти миллии Қирғизистон ба сар мебарад.

 

Бештар бихонед: