Бомбаи худсохти Толибон 30 узви ин гурӯҳро кушт
Дафтари матбуотии дивизияи "209" Шоҳин дар шимоли Афғонистон эълом кард, ки 30 тан аз афроди Толибон бар асари таркиши бомбае. ки дар ҳоли сохташ будан кушта ва захмӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари матбуотии дивизияи 209 Шоҳини Афғонистон рӯзи шанбе дар иттилоияи худ ҳамчунин навишт: «Дар ин инфиҷор 6 тан аз аъзои хориҷии гурӯҳи Толибон низ кушта шудаанд, аммо аҷсод ба далели ин ки бар асари инфиҷор ба шиддат осеб дидаанд, қобили шиносоӣ нестанд.»
Ин иттилоия афзудааст: "Инфиҷор дар масҷиди Қалто дар шаҳристони Давлатободи вилояти Балх рӯй додааст. Толибон барои омӯзиши минасозӣ афроди худро ҷамъ карда буданд, ки инфиҷор сурат гирифтааст. "
Аз сӯи дигар, бар асоси бархе гузоришҳо дар расонаҳои маҷозӣ, аъзои Толибон ҳангоме, ки машғули омӯзиши минасозӣ дар ин масҷид буданд ҳадафи ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои артиши Афғонистон қарор гирифтанд, ки 30 тан аз афроди ин гурӯҳ аз ҷумла шаш узви хориҷии онҳо кушта шуданд.
Гурӯҳи Толибон токунун дар ин бора изҳори назаре накардааст.
Бештар бихонед: