Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд
Март 06, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, субҳи имрӯз (шанбе) аз сар гирифта шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати омӯзиши олии Афғонистон имрӯз (шанбе) эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.
Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.
Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд. Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.
Бештар бихонед:
- Корона донишгоҳи Ғури Афғонистонро таътил кард
- Ривояти як шоҳиди эронӣ аз ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул