Март 07, 2021 11:28 Asia/Dushanbe
  • Одамрабоён барои озодии ин кӯдаки афғон яку ним миллион доллар талаб кардаанд
    Одамрабоён барои озодии ин кӯдаки афғон яку ним миллион доллар талаб кардаанд

Хонаводаи Абдуррауф Балхӣ, кӯдаки рабудашудаи афғон бо гузашти чаҳор моҳ аз нопадид шудани ӯ ҳамчунон аз сарнавишти фарзандашон бехабаранд .

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Абдуррауф Балхии 9- солаи ҳудуди чаҳор моҳ пеш дар Мазори шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон рабуда шуд, аммо то кунун аз сарнавишти ӯ хабаре дар даст нест.

   Хонаводаи ин кӯдаки рабудашудаи балхӣ борҳо ба давлату идораи амният ва иттилооти устони Балх эътироз карда, аммо то кунун ба ҳеч сари нахе барои ёфтани фарзандонашон даст пайдо накардаанд.

  Падари ин кудаки рабудашуда гуфтааст, ки Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳӯрии Афғонистон ҳам ба ваъдааш барои наҷоти ин кӯдак аз банди одамрабоён амал накардааст.

   Одамрабоён барои озодии ин кӯдаки афғон яку ним миллион доллар мутолиба кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп