Апрел 04, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории ҷомеи стратегии Чин ва Узбакистон бо аҳдофи баландмуддат
    Ҳамкории ҷомеи стратегии Чин ва Узбакистон бо аҳдофи баландмуддат

Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва Вонг Вантоу, вазири бозаргонии Чин дар чорчӯби як видеоконфронс масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва чигунагии иҷрои тавофуқот дар заминаҳои авлавиятдорро баррасӣ карданд. Мақомоти ду кишвар дар ин ройзании маҷозӣ бар пойбандии мутақобил барои иҷрои тамоми тавофуқоти бадастомада ва танзими абъоди ҷадиди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.

Афзун бар ин, тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои мутақобил дар ҷазби ширкатҳои бузурги чинӣ барои иҷрои тарҳҳои нав дар Узбакистон ба тавофуқ расиданд.

Талоши мақомоти Чин ва Узбакистон барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳоле аст, ки Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон ба шумор меравад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла беш аз 80 ширкат бо 100 дарсади сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Узбакистон фаъолият мекунанд. Афзун бар ин 40 пешниҳоди тарҳи авлавиятдор бо ҳадафи роҳандозӣ бо ҳамкории сармоягузорони чинӣ танзим шудааст. Дар ҳоли ҳозир мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистон ва Чин дар сатҳи 6 миллиарду 400 миллион доллар дар сол аст.

Он чӣ возеҳ аст, дар солҳои ахир тамоюл ба афзоиши мудовими нақши сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ ва молии ҷумҳурии халқи Чин дар ҳамаи фарояндҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ чашмгир аст ва дар ҳамин ҳол тавсеаи мудовими равобити чандҷониба байни Узбакистон ва Чин боис шудааст то онҳо вориди як марҳалаи нав шаванд: як ҳамкории ҷомеи стратегӣ бо ҳадафи баландмуддат.

Ба гуфтаи коршиносони сиёсӣ, ҷаззобтарин ҳавзаи ҳамкории иқтисодии Узбакистон бо Чин фурӯши ба истилоҳ "маводи аввалияи роҳбурдӣ" ба ин кишвар будааст, ки шомили гази табиӣ, мис, уран, нахи пахта, нуриҳои минералӣ (маъданӣ) буда, ки беш аз 50 дарсади содироти Узбакистонро ташкил медиҳад ва аммо дар ин байн қобили тавваҷуҳтарини ин колоҳо гази табиӣ аст, ки арзаи он ба Чин мутобиқи тавофуқи дуҷониба дар соли 2011 ба муддати 25 сол барномарезӣ шудааст.

Афзун бар ин, яке дигар аз ҳавзаҳои бисёр муҳим барои мушорикати иқтисодии Тошканд бо Чин, кумакҳои рӯ ба рушди сармоягузории Пекин дар пружвҳои мухталиф дар заминаҳои саноат, ҳамлунақл, дорӯсозӣ, мухобирот, кишоварзӣ, об ва ҳамчунин эҷоди паркҳои санъатии муштарак бо технологияи боло дар хоки Узбакистон бо мушорикати ширкатҳои чинӣ аст.

Албатта, яке аз унсури аслии таомул дар чорчӯби Роҳи Абрешими нав барои Узбакистон низ тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақл аст.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарони ӯзбак, мушорикати Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна дар иҷрои пружаҳои Роҳи Абрешими нав ангезаи тозаеро барои иқтисоди на танҳо Чин, балки ҳамсоягонаш ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Ба ҳар ҳол он чӣ мусаллам аст, ин ки Амрико вау Чин ҳар ду дурнамои иқтисодии азиме дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мутасаввир ҳастанд ва мехоҳанд дар масирҳои тиҷории ношӣ аз идғоми ин манотиқ саҳми муҳиме дошта бошанд ва дар ин замина бо якдигар рақобати фишурдае доранд. Дар ин миён, Вашингтон барои иртиқо додани тарҳҳои худ барои ин ду минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва марказӣ мавсум ба C5 + 1 эҷод карда, ки шомили Амрико ва панҷ кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар Осиёи Марказӣ аст. Онҳо ҳамчунин коргурӯҳе барои баррасии фурсатҳои ҳамкорӣ дар тавсеаи потенсиалҳои транзитии Афғонистон, аз ҷумла ҷустуҷӯи фурсатҳо барои таъмини эътибори пружаҳои бузург аз тариқи муассисоти молии байналмилалӣ ташкил додаанд. Талоши Амрико барои афзоиши нуфузи худ дар Осиёи Миёна дар ҳоле аст, ки Вашингтон ба таври мудовим таъкид мекунад, ки ҳадаф аз вуруд ба Осиёи Марказӣ барои рақобат бо Русия ва Чин нест, балки дастрасӣ ба бозори минтақа ва ироаи беҳтарин хадамот ба мардуми минтақа мебошад.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои густариши нуфузи худ дар Осиёи Миёна дар шароите аст, ки Узбакистон ва Чин тавонистанд аз замони суқути Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, равобити ҳасанаеро барқарор кунанд. Бидуни шак, ду кишвар дорои вобастагиҳо ва муштаракоте ҳастанд, ки боиси тақвияти рӯзафзуни муносиботи дуҷониба гардида ва талошҳои бозигарон то кунун натавонистааст азми ду кишварро барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаӣ коҳиш диҳад ва Чин бо вуҷуди коршиканиҳои Амрико дар минтақа, ҳамчунон бузургтарин шарики иқтисодии Узбакистон боқӣ бимонад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп