Апрел 20, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамапурсии 11 апрел ҳудӯди 80 дарсади қирғизҳо ба низоми раёсатӣ раъй доданд
    Дар ҳамапурсии 11 апрел ҳудӯди 80 дарсади қирғизҳо ба низоми раёсатӣ раъй доданд

Раиси Камиссиони интихоботи Қирғизистон аз бозшумории орои ҳамапурсии қонуни асосии ин кишвар дар 7 маркази шаҳри Бишкек хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ғайрат Маматов, раиси Камиссиони интихоботи Қирғизистон рӯзи сешанбе гуфт: «муҷаввизи лозим барои бозшумории оро аз Камиссиони марбут гирифта шуда, зеро дар бархе аз шуъбаҳо хатоҳои фаннӣ ба вуҷӯд омада ва баъд аз баррасии лозим шуд то бозшуморӣ сӯрат гирад.»

Вай афзуд: «аз онҷо ки тардидҳое вуҷӯд дошт, шӯрои Бишкек дархости бозшуморӣ дар ин марказҳоро дорад ва мо дар мавриди 7 ҳавзаи раъйгирӣ ин корро анҷом хоҳем дод.»

Раиси Камиссиони интихоботи Қирғизистон гуфт, дар натиҷаи бозшумории оро дар марокизи раъйдиҳии шумораи 1028,  1029,1107, 1243, 1246, 1336 ва 1339 сӯрат хоҳад гирифт.

Ҳамапурсии қонӯуи асосии Қирғизистон 11 апрели ҷорӣ дар ин кишвар баргузор шуд ва ширкаткунандагон бо раъйи мувофиқ ҳудӯди 80 дарсадӣ, қонуни асосии ҷадид ва афзоиши қудрати раёсатҷумҳуриро таъйид карданд.

 

Бештар бихонед :

Раъйи мардуми Қирғизистон ба низоми раёсатҷумҳурӣ

Таҷаммуи мардуми Қирғизистон зидди созмонҳо ва ниҳодҳои ғарбӣ

 

Барчасп