Интиқоли беш аз 33 ҳазор марзнишини қирғиз ба манотиқи амн
Май 02, 2021 14:18 Asia/Dushanbe
Дар паи даргирии 29 апрел байни Тоҷикистону Қирғизистон, давлати Бишкек беш аз 33 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи марзиро аз марз бо Тоҷикистон хориҷ кард.
Ба нақл аз Исно, муовини Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи якшанбе эълом кард: Дар паи ин даргирӣ 33 ҳазору 388 нафарро ба минтақаи амн мунтақил кардаем.
Вай изҳор кард, ки 19 ҳазор тан аз ин афрод кӯдак ҳастанд.
Қирғизистон марги 34 танро дар даргириҳои рӯзи панҷшанбе бо Тоҷикистон тайид карда ва аз захмӣ шудани 178 тани дигар хабар додааст.
Бештар бихонед: