Қирғизистон хостори озодии чор шаҳрванди боздоштшудаи хеш шуд
Раиси ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон озодии чор сокини ин минтақаро, ки дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона Эки пресс, раиси ноҳияи Лайлак Алмосбек Раҳмонқулов ин матлабро дар дидор бо раиси ноҳияи Бобоҷони Ғафуров Зафарбек Давлатзода матраҳ кард.
Дар ин дидор, ки дар минтақаи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ҷониби қирғиз муддаӣ шуд, ки дар даргирии марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта низомиёни тоҷик 7 мошини боркаш ва 20 мошини шахсии сокинони ноҳияи Лайлакро бо худ бурдаанд, ки бояд бозгардонда шавад.
Давлатзода ваъда додааст, ки ин мавзӯро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи гаштзании муштараки нерӯҳои интизомии ду кишвар барои таъмини амният дар рустоҳои марзӣ, тарзи истифода аз чарогоҳҳо ва манобеи оби муштарак ва ҷилавгирӣ аз танишҳо ва даргириҳои эҳтимолӣ баҳсу табодули назар шуд.
Аз дидгоҳи коршиносон ихтилофот ва аломатгузорӣ нашудани марзи муштараки 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистони мӯҷиби бурузи даргирӣ дар манотиқи мавриди муноқиша мешавад, ки хунинтарини он рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд рух дод.
Дар ин даргириҳо 56 тан кушта ва беш аз 230 нафар захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: