Июн 02, 2021 11:01 Asia/Dushanbe
  • 10 кушта дар ду инфиҷори Кобул

Дар ду инфиҷори пойтахти Афғонистон 10 нафар кушта шуданд.

Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, дар ду инфиҷори сешанбешаб дар минтақаи Саркорез дар ғарби шаҳри Кобул 12 нафар дигар низ захмӣ шуданд.

Шаби гузашта дар фосилаи замонии камтар аз як соат дар Ҳавзаи сеюми полиси шаҳри Кобул ду инфиҷор ба вуқуъ пайваст ва як маршрутка низ ҳадаф қарор гирифт.

Тамомии куштаҳо ва захмиҳои ин ҳамалоти террористӣ ғайрнизомӣ ҳастанд.

Ҳарчанд токунӯн фард ё гурӯҳе масъӯлияти ин инфиҷорҳоро ба ӯҳда нагирифта, аммо давлати Афғонистон, Толибонро омили ин гӯна инфиҷорҳо муаррифӣ мекунад.

Шаҳри Кобул пас аз мутаваққиф шудани музокироти сулҳи байналафғонӣ, шоҳиди ҳамалоти террористӣ ва инфиҷорҳои мутаъаддид аст, ки бар асари он садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳудӯди 3 ҳафта пеш низ муҳоҷимон бо худрави бомбгузори шуда як мадрисаи духтаронаро дар ғарби Кобул ҳадафи ҳамлаи инфиҷорӣ қарор доданд, ки дар он 90 донишомӯз кушта ва беш аз 200 тани дигар низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп