Эҷоди нахустин ширкати киштиронии байналмилалӣ дар Туркманистон
(last modified Wed, 23 Jun 2021 07:51:22 GMT )
Июн 23, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди нахустин ширкати киштиронии байналмилалӣ дар Туркманистон

Туркманистон нахустин ширкати киштиронӣ ва таробарии байналмилалии худро эҷод кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, қарор аст, ширкати киштиронӣ ва таробарии байналмилалии «Alem Shipping» Туркманистон, дар тӯли фасли новбарӣ ба таври муназзам интиқоли бор аз тариқи масири дарёи «Волга-Дон» -ро анҷом диҳад.

Тибқи ин гузориш, ширкати киштиронии «Alem Shipping» Туркманистон дар масири Дарёи Сиёҳ, Мармара, Баҳри Миёназамин ва Хазар хадамоти таробарии байналмилалии марбӯт ба анвоъи маҳмӯлаҳоро ироа медиҳад.

Ин ширкат ҳамчунин бемаи бор, интиқол аз мабда ва тархиси гумрукии колоро тазмин карда ва илова бар он, ҳамлу нақли омехта ва таркибии байналмилалиро низ бо рақобатитарин қиматҳо анҷом медиҳад.