Бозидиди Ашраф Ғанӣ аз пойгоҳи ҳавоии багром
Пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз пойгоҳи ҳавоии Багром, Раиси Ҷумҳурии Афғонистон аз ин пойгоҳ боздид кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, боздиди Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ як ҳафта пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз ин пойгоҳ анҷом гирифт.
Дар ин боздид мушовири амнияти миллӣ амруллоҳ Муҳибӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, Ашраф Ғаниро ҳамроҳӣ карданд.
Низомиёни амрикоӣ, пойгоҳи ҳавоии Багромро, ки бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Афғонистон дар шимоли Кобул қарор дорад, дувуми июл тарк карданд ва пас аз таҳоҷуми соли 2001 Амрико ба Афғонистон, ба пойгоҳи аслии низомиёни Амрико табдил шуд ва ҷиноёти риёдӣ дар муддати 20 сол дар Афғонистон муртакиб шудандю
Пойгоҳи ҳавоии Багром аз бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин пойгоҳҳои Амрико ва махуфтарин зиндонҳои ин кишвар дар Афғонистон башумор мерафт, ки бисёре аз мардуми ин кишвар дар мухолифат бо ҳузури Амрико дар он солҳо зиндонӣ буданд ва ҷиноёти зиёде дар муддати 20 сол дар Афғонистон муртакиб шуданду давлати ин кишвар ҳеч гуна назорате бар он надошт.
Бештар бихонед: