Тавофуқи мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон барои аломатгузории 40 километр аз марзи муштарак
(last modified 2021-07-31T06:53:49+00:00 )
Июл 31, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон барои аломатгузории 40 километр аз марзи муштарак
    Тавофуқи мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон барои аломатгузории 40 километр аз марзи муштарак

Узви Комиссияи аломатгузории марзҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон гуфт, ки 40 километрии сарҳади ду кишвар аломатгузорӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи ( 24 . kg ), Абдуллоҳ Мирзоев гуфт: Дар нишасти ахири Комиссияи муштараки байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзоъ дар бораи аломатгузорӣ 40 километрии марзи муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Ботканд  ва Суғд тавофуқ карданд.

Ин масъули қирғиз афзуд: Қарор шудааст, дар музокироти баъдӣ дар шаҳри Душанбе ҷузиёти тавофуқнома эълом шавад.

Вай гуфтугӯ ва ройзанӣ дар бораи аломатгузории навоҳии марзиро душвор ва бисёр печида донист.

Тоҷикистон ва Қирғизистон  976 километр  марзи муштарак доранд, ки фақат 520 километр аломтгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп