Толибон : Афғонистон таҳдиде барои дигар кишварҳо нест
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i72180-Толибон_Афғонистон_таҳдиде_барои_дигар_кишварҳо_нест
Сухангӯи гурӯҳи Толибон Афғонистонро таҳдиде барои дигар кишварҳо надонист .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 16, 2021 10:53 Asia/Dushanbe
  • Толибон : Афғонистон таҳдиде барои дигар кишварҳо нест

Сухангӯи гурӯҳи Толибон Афғонистонро таҳдиде барои дигар кишварҳо надонист .

 Муҳаммаднаим Вардак, ки дар Давҳа- пойтахти Қатар ба сар мебарад дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи телевизиюнии Алҷазира таъкид кард,ки итминон медиҳад қаламрави Афғонистони ҷое барои таҳдиди афрод ё гурӯҳҳо алайҳи амнияти кишварҳои дигар набошад .
Сухангӯии гурӯҳи Толибон афзуд,ки ин гурӯҳ мехоҳад низоми исломии мустақил дар Афғонистон ташкил диҳад, то битавонад ба ниёзҳои мардуми ин кишвар посух диҳад ва дар хизмати мардум бошад .
Муҳаммаднаим хотирнишон кард: Ончӣ дар Афғонистон дар паи онем амнияти ин кишвар аст; мехоҳем аз имрӯз ба баъд Афғонистон амн бошад ва мардум зиндагии муҳтарамона ва ороме дошта бошанд .
Аъзои гурӯҳи Толибон ҳамакнун дар Кобул ( пойтахти Афғонистон ) ба сар мебаранд ва  Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии ин кишвар аз Афғонистон фирор кард .
Аъзои гурӯҳи Толибон ҳамакнун бар тамоми Афғонистон, ба ҷуз устонҳои Парвон ва Панҷшер мусаллат ҳастанд .