Вурӯди нерӯҳои мардумӣ ба вилояти Панҷшери Афғонистон
(last modified Sat, 21 Aug 2021 12:23:04 GMT )
Август 21, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Вурӯди нерӯҳои мардумӣ ба вилояти Панҷшери Афғонистон

Гузоришҳо аз вурӯди нерӯҳои мардумӣ ба Панҷшери Афғонистон барои муқобила бо Толибон ҳикоят дорад.

Ба гузориши хабаргузории Ориёно нюз, нерӯҳои мардумӣ дар ҳоли вурӯд ба Панҷшер дар шимоли шарқи Афғонистон барои мубориза бо Толибон ҳастанд.

Нерӯҳои мардумии афғон қарор аст, таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бо Толибон мубориза кунанд.

Толибон бағайр аз вилояти Панҷшер дар шимоли шарқи Афғонистон, тамомии вилоятҳои ин кишварро ба тасарруфи худ дароварда ва рӯзи якшанбеи гузашта (15 август) низ вориди Кобул шуданд.

Мардуми Панҷшер, форсизабон ва аксаран аз қавми тоҷик ҳастанд.

Пеш аз ин қарор буд, Амруллоҳ Солеҳ ва фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд эътилофе алайҳи Толибон ташкил диҳанд.

 

Бештар бихонед: