Мақомоти Қазоқистон ва Бритониё ба санади шарикии стратегӣ таъкид мекунанд
(last modified 2021-08-29T17:01:24+00:00 )
Август 29, 2021 22:01 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Қазоқистон ва Бритониё ба санади шарикии стратегӣ таъкид мекунанд

Мақомоти Қазоқистон ва Бритониё ба таҳияи санади шарикии стратегӣ таъкид карданд.

Ин мавзӯъ зимни мулоқоти муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Ерлан Аламбоев бо сафири нави Бритониё дар ин кишвар Кете Лич бардошта шуд, хабар медиҳад радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Ҷонибҳо омодагии худро ба таҷлили 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар соли 2022, аз ҷумла ташкили сафарҳои сатҳи баланд қайд карданд.

Сафири нави Бритониё бори дигар омодагии худро барои роҳандозии як талоши муштарак ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Нурсултон ва Лондон равона кард.

Ҷонибҳо ба омодасозии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Қазоқистон ва Британияи Кабир, таҳкими равобити тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар давраи пас аз Корона, амиқсозии муколамаи байнипарлумонӣ ва тавсеаи равобити фарҳангӣ ва муносибатҳои башардӯстонаи ду кишвар.

Дар доираи баррасии рӯзномаи байналмилалӣ, ҷонибҳо инчунин иштироки ояндаи ҳайати Қазоқистонро дар Конфронси тағирёбии иқлим (СОР-26) дар Глазго, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Барчасп