Эҷоди хати дифоӣ дар Панҷшер барои муқобила бо ҳамлаи Толибон
(last modified Sun, 05 Sep 2021 06:11:50 GMT )
Сентябр 05, 2021 11:11 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди хати дифоӣ дар Панҷшер барои муқобила бо ҳамлаи Толибон

Раиси ҷумҳӯрии худхондаи Афғонистон барои муқобила бо ҳамлаи Толибон дар Панҷшер хати дифоӣ эҷод кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Амруллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳӯри худхондаи Афғонистон ва муовини раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар хати дифоӣ барои муқобила бо ҳамлаи Толибон дар Панҷшер эҷод кардааст .
Бархе манобеи хабарӣ таъкид мекунанд, ки Амруллоҳ Солеҳ ҳамроҳ бо теъдоди дигаре аз муҷоҳидин замоне, ки Толибон дар қисмати Даштак пешравӣ карданд, як хати дифоӣ дар ноҳияи Даштак барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии онон эҷод карданд .
Ин дар ҳоле аст, ки пештар Амруллоҳ Солеҳ , муовини раиси ҷумҳӯри собиқи Афғонистон дар тасовире ки мунташир шуд гуфт : Ҳануз дар Панҷшер аст ва овозаи фирори ӯ аз Панҷшер " беасос " аст .
Солеҳ дар ин видео мегуяд : Вазъият душвор аст Толибон ба мо ҳамла карда, аммо мо муқовимат мекунем .
Ӯ гуфт : " Шакке нест ки мо дар шароити сахте қарор дорем, мо таҳти ҳамлаи Толибон ҳастем " .
Солеҳ таъкид кард, ки " таслим намешавем, мо барои Афғонистон истодаем . "

Пеш аз ин дафтари фармондеҳи муқовимати зидди Толибон дар дараи Панҷшер низ хабари суқути ин минтақаро такзиб кард .
Панҷшер охирин минтақаест, ки ҳануз Толибон натавониста онро тасарруф кунад .