Сентябр 08, 2021 21:29 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти баҳсбарангези вазири маорифи Толибон

Вазири маорифи Толибон гуфт: "Баъзе раҳбарони Толибон диплом надоранд, аммо онҳо беҳтаринанд."

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, Шайх Маулви Нуруллоҳ Мунир, вазири маорифи Толибон дар як нишаст дар Афғонистон гуфт: "Дигар унвонҳои донишгоҳӣ дар ҳукумати Толибон арзише надоранд."

Вай афзуд, ки Толибон ин ҳуҷҷатҳоро надоранд, аммо онҳо баландтарин ҳуҷҷатҳоянд.

Изҳороти вазири тозатаъйини Толибон, ки дар Твиттер ва дигар шабакаҳои виртуалӣ интишор ёфтаанд, боиси баҳсҳои зиёди корбарони фазои маҷозӣ шудааст.

То кунун ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати Толибонро эътироф накардааст.

Барчасп