Нигаронии варзишкорони зан дар Ҳирот аз мамнӯъияти варзиши бонувон
(last modified Sun, 19 Sep 2021 05:00:20 GMT )
Сентябр 19, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии варзишкорони зан дар Ҳирот аз мамнӯъияти варзиши бонувон

Занони варзишкор дар Ҳирот мегӯянд бо мамнӯъ шудани варзиши бонувон дар Афғонистон тамоми талошҳои онҳо бенатиҷа монд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бархе аз ин занон ба нишонаи эътироз мехоҳанд либосҳои варзишии худро оташ бизананд .
Ин занон аз гуруҳи Толибон мехоҳанд ки монанди кишварҳои исломӣ  иҷоза диҳад занон ҳам варзиш кунанд.

Ягонаи Муҳаммадӣ пас аз 9 сол дар Ҳирот тавонист либоси тими миллии футболро бар тан кунад, аммо хушшонс набуд ки бо ин либос дар рақобатҳои байналмиллалӣ ширкат кунад.
Ӯ мегуяд бо омадани Толибон тамоми орзӯҳояш дар варзиш нақши бар об шудааст .
Ягонаи Муҳаммадӣ афзуд : “ Хонанишин шудам ва дигар ҳеҷ умеде надорам. ”
Қиссаи Ягона-қиссаи ҳазорон тан аз варзишкорони зан дар Афғонистон аст, ки ҳоло аз фаъолиятҳои варзишӣ маҳрум шуданд ва дар ноумедӣ ба зиндагӣ идома медиҳанд .
Ӯ мегуяд : “ Ман аз Толибон хоҳиш мекунам, то ба мо иҷоза бидиҳанд бо ҳиҷоби исломӣ варзиш кунем.
Сурайё Каримӣ, узви тими миллии гандболи Афғонистон низ гуфт : Дигар умеде ба ҳузур дар майдонҳои варзишӣ надорам ва либосҳои варзишии худро оташ хоҳам зад .
Ӯ мегуяд : 13 сол аст варзиш мекунад ва бо мушкилоти зиёде дасту панҷа нарм кардааст .Каримӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки ба ин иқдоми Толибон вокуниш нишон диҳанд .

Аҳмадуллоҳи Васиқ-узви кумитаи фарҳангии Толибон гуфт : Занон наметавонанд варзиш кунанд ; зеро мумкин аст чеҳраву андоми онон дар маърази диди номаҳрамоне қарор бигирад ва ислом ин иҷозаро намедиҳад .
Аммо ӯ дар мусоҳибаҳои дигаре суханони худро тағйир дод ва гуфт : Ҳануз ҳеҷ тасмиме дар бораи варзиши занон гирифта нашудааст .
Ҳамчунин ҳафтаи гузашта Башираҳмади Рустамзииаиси идораи тарбияти баданӣ ва варзиши Толибон гуфт : То кунун дар бораи варзиши занон тасмимгирӣ нашуда ва ин идора мунтазири дастури раҳбарони Толибон дар ин хусӯс аст .