Таъйини раиси Донишгоҳи Кобул
Сентябр 22, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
Толибон раиси Донишгоҳи Кобулро таъйин кард.
Толибон, Муҳаммадашраф Ғайратро ба симати раиси Донишгоҳи Кобул мансуб кард.
Ғайрат фориғуттаҳсили Донишгоҳи Пактико аст ва раёсати Донишгоҳи Кобул нахустин масъулияти ӯ аст.
Муҳаммадашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон таҷрибаи раёсати ин донишгоҳро дорад.
Бо тасаллути Толибон бар Афғонистон садҳо устоди Донишгоҳи Кобул кишварро тарк кардаанд.
Барчасп