Чароғи сабзи Туркманистон ба осонсозӣ дар эътои тобеият
Раиси ҷумҳурии Туркманистон бо эътои тобеияти ин кишвар ба афроде ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, вале тобеият надоранд, мувофиқат кард.
Ба гузориши “Аки Пресс”, Қурбонқули Бердимуҳаммадов фармони пазириши тобеияти Туркманистон дар ростои ҳинҷорҳои байналмилалӣ барои ҳимоят аз озодӣ ва ҳуқуқи башар имзо кард.
Мутобиқи ин санад гурӯҳе аз афроде, ки ба таври доим дар хоки кишвар зиндагӣ мекарданд ва ҳеҷ тобеияти дигаре надоштанд, ба тобеияти Туркманистон пазируфта мешаванд.
Ба вазоратхонаҳову идороти марбутаи кишвар дастур дода шуд то бо ироаи пешниҳодоти марбута барои баррасӣ тавассути раиси ҷумҳурии Туркманистон, ба пардозиши асноди атбои хориҷӣ ва афроди бидуни тобеият, ки дархости муҷаввизи иқомат дар ин кишварро додаанд, иқдом кунанд.