Ноябр 14, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Толибон дар бораи вуҷуди давлати фарогир дар Афғонистон

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи давлати мувақати Толибон бо радди дархостҳои ҷаҳонӣ мабни бар лузуми ташкили давлати фарогир дар Афғонистон мудаӣ шуд, давлати Толибон ҳамашумул аст ва дар  он ҳамаи ақвом ҳузур доранд.

Мавлави Амирхон Мутақӣ, сарпарасти вазорати умумри хориҷаи Толибон дар муассисаи мутолеоти роҳбурдии Покистон гуфт: Ҷомеъаи ҷаҳонӣ талош дорад Толибонро маҷбур кунад то мухолифони худро вориди кобина кунад, ки чунин чизе мумкин нест.

Сарпарасти ваздорати хориҷаи давлати Толибон афзуд: Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аҳдофи сиёсии худ аз ҳуқуқи башар ва такид бар ҳукумати ҳамашумумл истифода мекунад.

Бо вуҷуди он ки Толибон дар рӯзҳои нахусти тасаллут бар Афғонистон ваъдаи ташкили давлати фарогир дар Афғонистонро матраҳ карда буданд, аммо пас аз интишори феҳрасти вазирони давлати Толибон мушахас шуд, ки ин афрод ҳудудан аз як қавми хос ва бо як нигариши мушахаси сиёсӣ мансуб шуданд ва дигар ақвоми ин кишвар нақши ҷиддӣ дар ҳукумати Афғонистон надорад.

Бо гузашти ҳудуди чор моҳ аз байн рафтани давлати собиқи Афғонистон ба раҳбари Муҳаммад Ашрафи Ғанӣ ва ба қудрат расидани Толибон ҳокимияти ин кишвар дар ихтиёри комили ин гурӯҳ қарор дорад ва замина барои мушорикати дигар ақвом ва гурӯҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон фароҳам нашудааст.

Аз замони ба қудрат расидани дубораи Толибон аз 15 август гузашт дар ҷараёни нишастҳои мухталифи минтақаи ва байналмилали ба хусус иҷлоси ҳамсоягони Афғонистон, ки ба мавзуъи ин кишвар пардохта шуд бар лузуми ташкили давлати фарогир дар Афғонистон такид шудааст.

Дар ҳамин росто мушовирон ва дабирони амнияти  миллӣ ҳафт кишвари минтақа дар эъломияи поёни нишасти Ҳинд, ки ҳафтаи гузашта дар  Деҳли Нав, пойтахти ин кишвар баргузор шуд, бар зарурияти ташкили як ҳукумати боз ва фарогир, ки хостаи ҳамаи мардуми Афғонистон бошад такид карданд.

Суханони сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон дар бораи вуҷуди давлати фарогир ва ташкилшуда аз ҳамаи ақвом дар Афғонистон зимни он ки посухи манфӣ ба хости ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои шаклгирии давлате бо мушорикати қавмиятҳои мухталиф дар ин кишвар аст, бар тадовуми роҳбурди феълии Толибон мабни бар идораи Афғонистон тавасути як тафакури хос такид дорад.

Ба иборати дигар бар хилофи онки ҷомеъаи ҷаҳонӣ давлати феълии Толибон дар Афғонистонро таҷали ҳамаи тафакурот дар ин кишвар намедонад, аммо мақомоти аршади ин гурӯҳ давлати кунуни Афғонистонро давлати фарогир медонанд, ки ҳамаи ақвом дар он ҳузур доранд.

Бо таваҷуҳ ба бардошти мутафовити Толибон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз моҳияти давлати кунунии Афғонистон баназар мерасад, чолиши кунунӣ дар хусуси ба расмият шинохтани давлати Толибон дар ин кишвар ҳамчунон идома пайдо хоҳад кард.

Давлати Толибон дар талош барои мутақоид кардани ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои пазириши расмии ин гурӯҳ ба унвони ҳокимияти ҷадид дар Афғонистон аст, аммо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба ҷуз теъдоди ангуштшуморе аз кишварҳо дар шароити кунунӣ, ҳозир ба шиносоии расмии давлати Толибон дар Афғонистон нестанд ва ба расмият шинохтани ҳокимияти Толибонро ба тағйири рӯйкардҳои ин гурӯҳ дар хусуси озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчунин фароҳам кардани бастари мушорикати ҳамаи ақвом дар ҳукумат медонанд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп