Декабр 23, 2021 22:16 Asia/Dushanbe
  • Рушди 30 дарсадии мубодилоти тиҷорат байни Қазоқистон ва Русия

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ мубодилоти тиҷорат байни Қазоқистон ва Русия 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин хабар дар сафари Аскар Мамин нахуствазири Қазоқистон ба Маскав ва дидори вай бо ҳамтои рус Михаил Мишустин эълом шуд.

Дар ин дидор, ду тараф дар мавриди чашмандози тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои миёни Қазоқистон ва Русия дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, молӣ ва сармоягузоӣ, тронзит, кишоварзӣ, петрошимӣ, энергетика, фазоӣ ва ҳамчунин тарҳҳои ҳамгароии саноъат гутугӯ карданд.

Дар дидори Мамин ва Мишустин ҳамчунин мавзуоте монанди таъомулоти ду кишвар дар чорчуби иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва иқдомоти муштарак барои мубориза бо ҳамагирии корона ва коҳиши паёмадҳои он барои иқтисоди Қазоқистон ва Русия баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ мубодилоти тиҷорат байни Қазоқистон ва Русия 30 дарсад афзоиш ёфта ва ба 19.5 миллард доллар расидааст.

Дар ин муддат ҳаҷми содироти Қазоқистон 39.4 дарсад ва аз ҷумла маҳсулоти коркардшуда 47.7 дарсад рушд карда аст.

Дар сохтори содироти Қазоқистон, маҳсулоти саноъати петрушими 18.6 дарсад, муҳандисии механик 21.9 дарсад, химявӣ 33.1 дарсад ва саноъати сабук 27.1 дарсад афзоиш дошта аст.

Ду тараф изҳори умедворӣ карданд, ки то поёни соли 2021 ҳаҷми мубодилоти тиҷорати ҳарду тараф ба 24 миллард доллар хоҳад расид.

Дар ин дидор ҳамчунин ба ин нукта ишора шуд, ки дар нимаи аввали соли 2021 мармоягузории мустақими Русия дар иқтисоди Қазоқистон бо 17 дарсад рушд ба ҳудуди 704.9 милларддоллар расидааст.

 

Барчасп