Ҷунбиши Ҳамос дидори Аббос ва Гонтезро маҳкум кард
(last modified Wed, 29 Dec 2021 07:00:13 GMT )
Декабр 29, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши Ҳамос дидори Аббос ва Гонтезро маҳкум кард

Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дидори Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бо Бени Гонтез, вазири ҷанги режими саҳюнистиро маҳкум кард.

Ҳозим Қосим дар саҳифаи твитерии худ дидори раиси Ташкилоти худгардон бо вазири ҷанги режими саҳюнистиро ханҷаре ба пушти интифоза тавсиф кард.

Сухангӯи Ҳамос бо баёни ин ки ин иқдоми раиси Ташкилоти худгардон шикофи сиёсии Фаластинро амиқтар мекунад афзуд: Ин иқдом вазъияти Фаластинро печида месозад, бархе аз тарафҳои минтақаро, ки мехоҳанд бо ишғолгарон одисозӣ кунанд, ташвиқ мекунанд ва мавзеи Фаластинро, ки одисозиро рад мекунад тазъиф менамоянд.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар шароите, ки Каронаи Бохтарӣ саҳнаи эътирози фаластиниҳо ба ҳамалоти мустамари шаҳракнишинони саҳюнист аст, бо вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дидор кард.

Ҳусейн Алшайх, вазири умури шаҳрвандии Ташкилоти худгардони Фаластин ба хабаргузории Маъо гуфт, ки Маҳмуд Аббос асри сешанбе бо Бени Гонтез, вазири ҷанги режими ишғолгари Исроил дидор кард.

Гуфта мешавад Маҳмуд Аббос баъд аз 10 сол барои аввалин бор дар иқоматҳгоҳи як мақоми саҳюнистӣ ҳузур пайдо карда аст.

Аз замони ташкили кобинаи ҷадиди Тел,Авив ин дувумн бор аст, ки ин ду бо якдигар мулоқот мекунанд.