Барқарории парвозҳои Тукманистон ва Туркия дар ояндаи наздик
(last modified Sat, 22 Jan 2022 13:34:52 GMT )
Январ 22, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳои Тукманистон ва Туркия дар ояндаи наздик

Сафири Туркия дар Ашқобод ибрози умдевори кард, дар ояндаи наздик парвозҳои байни ду кишвар аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши габаргузории Форс, Тугон Урол, сафири Туркия дар Ашқобод дар мусоҳибаи матбуотӣ ибрози умедвори кард, ки дар ояндаи наздик парвозҳо байни кишварҳо аз сар гирифта шавад.

Сафири Туркия дар Туркманистон изҳор кард: Ҳадафи аслии ин нишаст, иҷрои тавофуқоти суратгирифта дар ҳавзаи расона байни Туркманистон ва Туркия дар чорчуби иҷлоси сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ  дар Ашқобод дар ноябри 2021 аст.

Сафири Туркия аз кайфияти интишороти иттилоъоти Туркманистон бисёр қадрдонӣ ва эълом кард, ки Хайруддин Бактош ба унвони масъули матбуотии сафорати Туркия мансуб шуда аст.

Урол ҳамчунин гуфт: Ҳаҷми тиҷорат байни ду кишварҳо дар 11 моҳи соли 2021 болиғ бар 1 миллиарду 911 миллон доллар будааст.

Ба гуфтаи сафир, ҳамлу нақл аз тариқи дарёи Хазар ба таври фаъол барои тиҷорат истифода мешавад.

  • Ин дипломат бо ишора ба ҳамкории Туркманистон ва Озарбойҷон дар тавсеаи муштараки майдонии Дустлик Хазар ва ҳамчунин ҳамкори бо Эрон дар заминаи муъомилаи газ ба Озарбойҷон таъкид кард, ки аз ин тариқ метавон гази Туркманистонро аз тариқи Транс Анотоли ба кишварҳои аврупоӣ расонд.
  • Сафир дар изҳороти худ хотирнишон кард, ки пешбини мешавад парвозҳои одди байни Туркманистон ва Туркия дар сари вақт аз сар гирифта шавад.
  • Масъулони матбуотии сафорати Туркия ҳамчунин дар бораи ин мавзуъ суҳбат кард, ки Туркия дар ҳоли тағйири ном ва канор гузоштани номи англисии собиқ кишвараш (туркӣ) "Turkey" аст ва акнун аз номи " Türkiye" истифода хоҳад кард.