Мушовири амнияти миллии Покистон хитоб ба Толибон: Бидуни густариши равобити иқтисодӣ, сулҳ ва субот ба миён намеояд
(last modified 2022-01-30T06:47:14+00:00 )
Январ 30, 2022 11:47 Asia/Dushanbe
  • Мушовири амнияти миллии Покистон хитоб ба Толибон: Бидуни густариши равобити иқтисодӣ, сулҳ ва субот ба миён намеояд

Мушовири амнияти миллии Покистон бо мақомоти Толибон дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Инъомуллоҳ Самангонӣ-муовини сухангӯи Толибон бо нашри тветте ба нақл аз Муайид Юсуф навиштааст, ки бидуни амиқсозии равобити иқтисодӣ сулҳу субот ба миён намеояд.

Самангонӣ изҳор кард: Мушовири амнияти миллии Покистон гуфтааст он кишвар мутаъаҳҳид ба татбиқи пружаҳои бузурги минтақаӣ аст.
Самангонӣ афзуд : Ду тараф бар эҷоди ҳайатҳои тахассусии ду кишвар таъкид ва дар бораи роҳҳои густариши муносибот дар бахшҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, беҳдошт, маориф, маъданҳо ва фанноварӣ гуфтугӯ карданд .
Муовини сухангӯии Толибон афзуд : Дар ин дидор вазири саноъату тиҷорати ҳукумати Толибон бо намояндаи Покистон дар бораи осонсозӣ дар тараддуди мусофирону беморони афғонистонӣ дар марзҳои Турхаму Спин Булдак ройзанӣ кард .

Мушовири амнияти миллии Покистон дар сарварии як ҳайати баландпоя ба Кобул сафар кард.

 

Барчасп