Таҳлил: Бархурди дугонаи Толибон бо амниятсози дар Афғонистон
Дар давлати Толибон алова бар он, ки мардум бо таҳдидоти гурӯҳҳои террористи аз ҷумла ДОИШ мувоҷеҳ ҳастанд, иқдомоти худсари нерӯҳои Толибон низ муҷиботи ноамниро фароҳам кардааст.
Сокинони шаҳри Шулгара дар Вилояти Балх ба иқдоми Толибон дар тахриби мағозаҳо эътироз карданд. Ба гуфтаи мардуми шаҳри Шулгара ин иқдоми Толибон ки хисорати сангине барҷой гузошт, бо таҳдид ва эъмол зӯр анҷом гирифтааст.
Ба гуфтаи онон шаҳрдори Толибон дар вулсволии Шулгара бидуни тафоҳум ва ризоят бо соҳибони мағозаҳо бо таҳдид ва зӯр маҳали касбу кори ононро тахриб ва вайрон кардааст. Пеш аз ин низ иқдоми мушобеҳи Толибон бо эътирози сокинони шаҳри Балх муҷиб шудааст.
Дар ҳоле,ки иқдомоти худсаронаи нерӯҳои Толибон дар вайрон кардани бархе мағозаҳо дар Вилояти Балх эътирози моликонро дар пай доштааст, давлатиТолибон аз тадобири худ барои муқобила бо афроди мусаллаҳе,ки бо роҳзанӣ ва сирқат ноамни эҷод мекунанд,хабар додааст.
Давлати Толибон дар баёнияи эълом кард, амалиёти поксозӣ барои нобудсозии дуздон, одамрӯбоён ва "аносири шарур"дар манотиқи мухталифи Афғонистонро оғоз кардааст ва то нобудии табаҳкорон ин амалиёт идома хоҳад дошт.
Бо гузашти шаш моҳ аз ҳокимияти муҷаддади Толибон бар Афғонистон, мардуми ин кишвар бо равишҳои муътаадиде аз хушунад ва бархурдҳои хашини нерӯҳои ин гурӯҳ дар шаҳрҳо ва вилоёти Афғонистон мувоҷеҳ ҳастанд.
Дар моҳҳои ахир гузориши мухталиф мунташир шудааст,ки нишон медиҳад, нерӯҳои Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон бо мардум бадрафтори мекунанд,ки тахриби маконҳои касбу кори бархе аз мардуми Вилояти Балх аз сӯйи нерӯҳои ин гурӯҳ мисдоқе аз бетаваҷҷӯҳи ба ҳуқуқи моликони онон ва доман задан ба норизоятии умум аст.
Дар ҳоле, ки аз як сӯ шуморе аз мардуми Афғонистон аз бадрафтори ва рӯё рӯйи хашини нерӯҳои Толибон шикоят доранд, аз сӯйи дигар давлати Толибон аз барномаи худ барои маҳори дуздон, одам рубоён ва аносири шарур хабар додааст,ки ин масъала навъи тазод дар наҳваи бархурди ин гурӯҳ бо мавзӯъи амният ва ноамниро нишон медиҳад.
Интизори мардуми Афғонистон ин аст,ки давлати Толибон қабл аз ин ки бо афроди мусаллаҳ ва мутаҷовиз ба ҳуқуқи онон бархурд кунад, бояд бо зобитаманд кардани наҳваи бархурди нерӯҳои худ бо мардум, заминаи ҳар гуна бадрафторӣ ва хушунат аз сӯйи афроди Толибонро барчинанд ва иҷозаи надиҳад ,ки ин нерӯҳо ба баҳонаи эъҷоди амният бо худсарӣ, ноамниро дар ин кишвар густариш диҳанд.
Албатта ҳамаи мардуми Афғонистон аз давлати Толибон абъоди бузург ва муҳимтаре дорад ва онон хостори он ҳастанд,ки ин гурӯҳ дар фазои сиёсӣ ва иҷтимоъии ин кишвар гушоише эҷод кунад то замимнае барои мушорикати мардум дар арсаи қудрат дар Афғонистон фароҳам шавад.
Ташкили давлати фарогир ва нақшофаринӣ ҳамаи ақвоми Афғонистон бузургтарин хостаи мардуми Афғонистон аз гуруҳи Толибон аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ зимни ҳимоят аз он бар шаклгирии чунин шароите таъкид дорад.
Бештар бихонед: