Мавзуи об - меҳвари гуфтугӯи муовини Сафорати Эрон бо вазири энержӣ ва оби Афғонистон
(last modified 2022-04-06T05:18:47+00:00 )
Апрел 06, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Мавзуи об - меҳвари гуфтугӯи муовини Сафорати Эрон бо вазири энержӣ ва оби Афғонистон

Муовини Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул бо вазири энержӣ ва оби Толибон гуфтугӯ кард.

Мулло Абдуллатиф Мансур, вазири энержӣ ва оби Толибон дар ин дидор итминон дод, ки дар мудирияти оби рӯдхонаи Ҳирманд бар асоси қонун ва тавофуқоти мавҷуди ду кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

Мулло Абдуллатиф Мансур ҳамчунин гуфт, ки тағйири иқлим ва хушксолии мудовим бар рӯдхонаи Ҳирманд таъсир гузоштааст.

Сайид Ҳасани Муртазавӣ, муовин ва сарпарасти Сафорати Эрон дар Кобул каме пештар низ дар дидор бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон бо ишора ба бархе мушкилоти марзии пешомада миёни низомиёни Эрон ва неруҳои марзии Афғонистон, хостори эҷоди фаврии ҳайати муштараки марзӣ ва ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумот дар ин бора шуд.

Вазири умури дохилии Толибон низ аз ин пешниҳод истиқбол карда буд ва қарор шуд то дар ояндаи наздик нисбат ба эҷоди ҳайати муштараки марзӣ иқдом шавад.

 

Барчасп