Бузургдошти Фирдавсӣ дар Туркманистон
(last modified Wed, 01 Jun 2022 11:40:40 GMT )
Июн 01, 2022 16:40 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти Фирдавсӣ дар Туркманистон
    Бузургдошти Фирдавсӣ дар Туркманистон

Важабарномае ба муносибати бузургдошти ҳакими сухан Абулқосими Фирдавсӣ дар Ашқобод пойтахти Туркманистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ройзании фарҳангии Эрон дар Ашқобод дар вижабарномаи бузургдошти ҳакими сухан Абулқосими Фирдавсӣ, Ғуломабози Арбобхолис, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ашқобод аз мақомоти давлати Туркманистон қадрдонӣ карду гуфт: Он чи ки наздикии мардуми ду кишварро сабаб мегардад фарҳанг ва забон аст.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ашқобод афзуд: То замоне, ки забони муштарак байни ду миллат набошад ҳамкориҳои матлуб сурат намегирад ва ин забон омӯзон ҳастанд, ки тақвияти тавсеа дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла саноат тиҷоратро сабаб мешавад.

Навиди Расулӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Туркманистон низ зимни қадрдони ва таъкиди мақомоти ду кишвар бар тавсеа ва густариши равобити фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркмаснитон гуфт: Тавсеаи равобит бар асоси шинохти беҳтари кишварҳо аз якдигар ҳосил мегардад.

Дар ин маросим лавҳи ёдбуди бузургдошти ҳакими сухан Абулқосими Фирдавсӣ, ки ройзани фарҳангӣ ва ба муносибати ин барномаи муштарак таҳия карда буд ба раиси донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Туркманистон ва раиси гуруҳи забони форсӣ ҳадия шуд.