Июн 23, 2022 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ин зилзила дар 44 килламетрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх дод
    Ин зилзила дар 44 килламетрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх дод

Дабири кулли Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ирсоли маҳлулаи имдоди ва башардӯстона барои зилзила задагони Афғонистон хабар дод.

Зилзила бо қудрати 601 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштар) бомдоди чаҳоршанбе ҷануби шарқӣ Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ларзонд.

Ин зилзила дар 44 килламетрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх дод.

Бар асоси эъломи мақомҳои расмии Афғонистон, ин заминларза мунҷар ба ҷон бохтани беш аз як ҳазор нафар ва низ маҷрӯҳ шудани 620 нафар шудааст.

Яқуби Сулаймонӣ Дабири кулли Ҳилоли Аҳмари ҷумҳӯрии Исломии Эрон гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба хисороти сангини баҷо монда аз ин зилзила, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон як маҳлулаи кумакҳои башардӯстона шомили 400 дастгоҳ чодари имдодӣ ва 800 тахта мукет ба Афғонистон ирсол шуд.

Дабири кулли Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон идома дод: Ин маҳлула дишаб ( чаҳоршанбе) аз Теҳрон бо ҳавопаймои артиши Эрон ирсол шуд ва илова бар он маҳлулаи дигаре низ аз устони Систон Балучистони Эрон ба сурати замини ба Афғонистон ирсол мешавад, ки шомили 1200 тахта мукет, ҳазорон бастаи ғизоӣ ва 600 дастгоҳ чодари имдодӣ аст.

Барчасп