Декабр 01, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Остона бо 55 кишвар низоми раводидашро лағв мекунад

Вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон гуфт, Қонуни лағви раводид бо 55 кишвари ҷаҳон аз якуми январи соли 2017 мавриди амал  қарор мегирад, ки тибқи он, афроди хориҷӣ метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни раводид дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Женис Қосимбик, вазири сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон дар конфронси «Фурсатҳои сармоягузории ҷадид дар Қазоқистон» ҳадаф аз ин иқдомро ҷалби сармоягузорони хориҷӣ унвон карда гуфтааст, дар 11 соли гузашта бо иқдомоти анҷомшуда барои беҳбуди фазои сармоягузории ин кишвар даромади ин бахш ба беш аз 230 миллиард доллар расидааст. Ба гуфтаи Қосимбек, Қазоқистон дар соли гузашта ба таври якҷониба Қонуни лағви раводидро барои 19 кишвар қабул кард, ки бар асоси он, муддати иқомат барои шаҳрвандони ин кишварҳо дар Қазоқистон ду ҳафта буд.

Вазири сармоягузорӣ ва тавсеаи Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба ташвиқҳои молиётӣ, кӯмак ва суботи қонун барои сармоягузорони хориҷӣ афзуд, тахфифи 50-дарсадии андозу гумрук барои сармоягузорони хориҷӣ дар Қазоқистон фароҳам шудааст ва дигар имтиёзот низ дар 3 моҳи оянда эҷод хоҳад шуд.

 

Барчасп