Ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории Русия ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i89066-Ҳазфи_доллар_аз_мубодилоти_тиҷории_Русия_ва_Қирғизистон
Русияву Қирғизистон пас аз ҳазфи доллар ، дар муровидоти молӣ аз « рубл »- воҳиди пули миллии Русия истифода мекунанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 27, 2022 09:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории Русия ва Қирғизистон

Русияву Қирғизистон пас аз ҳазфи доллар ، дар муровидоти молӣ аз « рубл »- воҳиди пули миллии Русия истифода мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дониёр Амонгилдиев-вазири иқтисоду бозаргонии Қирғизистон гуфт: Бишкек ва Маскав ба таври комил дар муровидоти молӣ ба рубл рӯй овардаанд .
Амонгилдиев афзуд: Пардохти маблағҳои марбут ба хариди колоҳои аслӣ байни ду кишвар ба рубл анҷом мешавад .
Вазири иқтисоду бозаргонии Қирғизистон истифода аз рубл дар муомилотро далели аслии афзоиши арзиши пули миллии Русия тавсиф кард .
Баҳрабардорӣ ва сӯиистифодаи сиёсии Амрико аз анҷоми муомилоти ҷаҳонӣ бо доллар бисёре аз кишварҳоро ба ҳаракат ба сӯи истифода аз воҳидҳои пулии дигар дар бозаргонӣ водоштааст . Чиниҳо низ ҳамонанди рӯсҳо раванди истифода аз « юан »- воҳиди пули миллии Чинро оғоз кардаанд .