Август 13, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • 4 захми бар асари инфиҷори террористи дар Кобул
    4 захми бар асари инфиҷори террористи дар Кобул

4 нафар бар асари инфиҷори як мина дар Кобул пойтахти Афғонистон маҷруҳ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон имрӯз шанбе бар асари инфиҷори як минаи ҷосози шуда дар як мототсикл дар наздикии як маркази судури шиносномаи электроники дар ғарби шаҳри Кобул 4 нафар аз ҷумла 2 нерӯи Толибон захми шуданд.

Дар пайи ин инфиҷор садои тирандози низ шунида шуд, нерӯҳои Толибон дар маҳали инфиҷор ҳозир шуданд ва дар ин минтақа рафту омад манъ шуда аст.

Вуқуъи инфиҷорҳои террористӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонисон нишон медиҳанд, ки бар хилофи иддаои давлати мувақати Толибон дар Афғонисон ин давлат натавонист амнияти лозимро дар Кобул ва дигар шаҳрҳои ин кишвар барқарор кунад.

 

Барчасп