Декабр 03, 2016 17:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар хуруҷи низомиёни Русия аз Қирғизистон

Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон таи изҳороте аз хуруҷи низомиёни русӣ аз пойгоҳи ҳавоии Кант дар ин ҷумҳурӣ сухан гуфт.

Ин дар ҳолест, ки пас аз оғози хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз пойгоҳи Манас дар Қирғизистон дар ноябри соли 2013, камтар касе тасаввур мекард, ки рӯзе ин сенария дар мавриди нерӯҳои низомии Русия низ такрор шавад.

Таъкид ва исрори мақомоти Бишкек дар бораи тахлияи пойгоҳи Манас аз ҳузури нерӯҳои амрикоӣ барои тарки ҳамешагии Қирғизистон раванде чандсоларо тай кард ва акнун ба назар мерасад, мавзуи тахлияи пойгоҳи Кант аз нерӯҳои русии мустақар дар ин пойгоҳ дар ҳамон масире ҳаракат кунад, ки ниҳоят мунҷар ба хуруҷи амрикоиҳо аз Қирғизистон шуд .

Изҳороти рӯзи панҷшанбеи Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳурии Қирғизистон мабнӣ бар хуруҷи Русия аз пойгоҳи Кант пас аз поёни муддати эътибори мувофиқатномаи Маскав ва Бишкек дар бораи истифодаи Русия аз ин пойгоҳ метавонад нуқтаи оғози даври ҷадиде аз чоназаниҳои Маскав ва Бишкек дар муодилоти низомӣ ва амниятии минтақа бошад ва ё ҳатто шуруе барои намоиши истиқлоли рафтори сиёсати хориҷии Қирғизистон дар арсаи таҳаввулоти дохилӣ ва байналмилалӣ бошад.

Бавижа, ки то пеш аз ин ва дар даврае, ки ҳам низомиёни рус ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳҳои Кант ва Манаси Қирғизистон мустақар буданд, рафтори сиёсати хориҷии Бишкек дар қиболи Маскав ва Вашингтон дар чаҳорчуби теории баланси қудрат таҳлил ва арзёбӣ мешуд ва акнун рӯи дигари сикка эҷоди тавозун дар сиёсати хориҷии Қирғизистон бо таъкиди раисҷумҳури ин кишвар бар хуруҷи низомиёни русӣ аз пойгоҳи Кант худро нишон медиҳад.

Аммо далеле, ки раисҷумҳури Қирғизистон барои хуруҷи низомиёни Русия аз пойгоҳи ҳавоии Кант матраҳ мекунад, нишони ошкоре аз талоши Бишкек барои иҷрои сиёсати тавозун дар рафтори сиёсати хориҷӣ бо Амрико ва Русия надорад .

Алмазбек Атамбаев дар ин хусус унвон кардааст, ки то пеш аз ин низомиёни рус бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз пойгоҳи Кант истифода мекарданд, аммо акнун ҳеч фаъолияте аз нерӯҳои русӣ дар мубориза бо ифротгарӣ мушоҳида намешавад, изҳороте, ки дар батни худ нигарониҳои амниятии раҳбарии Бишкекро аз ноамниҳои ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто такфирӣ дар Қирғизистон нишон медиҳад ва дар бар гирандаи интизороти ҳадди ақалии Бишкек аз Маскав барои муқобила бо ноамнӣ ба мафҳуми ом дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аст .

Аз тарафе нигоҳе ба таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин кишвар пас аз тағйири низоми ҳукуматии худ аз системаи ҳукуматии раёсатӣ ба низоми парлумонӣ чандон муваффақ набуда ва давлатҳои эътилофӣ яке пас аз дигаре маҳкум ба шикаст буданд. Ҳамин мавзуъ аз яксу шубҳа ва дахолати пайдо ва пинҳони Маскавро дар муодилоти қудрат дар ҷомеаи Қирғизистон бавуҷуд овардааст ва аз сӯи дигар метавонад нишондиҳандаи таваққуоти раҳбарони Бишкек аз Маскав барои ҳимоят аз бузургтарин ҳизб дар иттиҳод ва эътилофҳои ҳоким бошад .

Ба ин маънӣ, ки аввалан идомаи фаъолияти пойгоҳи Кант машрут ба таъмин ва тазмини амнияти Қирғизистон ва низ кумак ба нерӯҳои қирғиз барои мубориза бо ифротгароӣ ва таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ аст ва дигар инки идомаи ҳузури низомиёни Русия дар пойгоҳи Кант дар гарави ҳимояти ҳамаҷонибаи Маскав аз шахси Атамбаев ва ҳизби матбуи вай дар муодилоти қудрат дар Қирғизистон аст .

Бо ин ҳама нозирон муътақиданд, ҳадафи раҳбарии Бишкек аз тарҳи хуруҷи низомиёни рус аз Қирғизистон ҳарчи бошад, набояд фаромуш кард, ки асосан қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар чаҳорчуби аҳдофи кӯтоҳ ва баландмуддат, рафтори сиёсати хориҷии худро бо дигар бозигарон таъриф мекунанд ва баъид аст, ки Алмазбек Атамбаев битавонад аз ин тариқ Маскавро тарғиб ба ҳимоят аз давлати мустақар дар Бишкек кунад ва ё ҳатто умедвор ба кумакҳои ҳадди аксарии Русия дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ бошад.

Ваъияте, ки дар ҳар ду шакли худ ҳокӣ аз заъф ва нотавонии сиёсӣ ва амниятии давлати Бишкек дар мувоҷиҳа ва муқобила бо шароити ҷории ҳоким бар ҷомеаи ин кишвар аст.