Қарзи 150 миллион долларии Бонки тавсеаи Осиё ба Узбекистон
Бонки тавсеаи Осиё барои кумак ба афзоиши амнияти ғизоӣ ва об дар Узбекистон, ба ин кишвар муодили 150 миллион доллар қарз ва 3 миллион доллар кумаки ройгон ихтисос дод .
Бонки тавсеаи Осиё дар соли 1966 барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ, ҳамгаройии минтақаӣ ва рушди пойдор дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором таъсис шуд ва ҳамакнун 67 кишвар узви ин бонк аст .
и
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин қарз барои беҳбуди амнияти ғизоӣ ва об аз тариқи такомули мудирияти замину об ва ҳамчунин баҳраварии кишоварзии Узбекистон ҳазина мешавад.
Дар ин гузориш омада : Тарҳи « мудирияти манобеи об дар ҳавзаи баҳри Арал бо тавваҷуҳ ба созгорӣ бо тағироти обу ҳавоӣ » истифодаи коромад аз манобеи обро аз тариқи навсозии бархе системаҳои обёрӣ ва партобу афзоиши зарфияти кишвар барои мудирияти беҳтари онҳо таъмин мекунад.
Бар асоси баровардҳо 90 дарсад аз кулли манобеи обӣ, ки дар Узбекистон истифода мешавад, ба кишоварзӣ аз ҷумла обёрии гандуму пахта ихтисос дорад . Аммо тағйири обу ҳаво бар таъмини об таъсир мегузорад.
Барномарезӣ шуда дар чорчуби ин тарҳ дар ҳавзаҳои рӯдхонаи Амударё ва Зарафшон аз тариқи беҳбуди андозагирии об ва бозсозии зерсохтҳои обёрӣ ва партоби мавҷуди системаҳои обёрии муқовим дар баробари обу ҳаво ва эҷоди системаҳои обёрӣ такмил шавад .