Дархости Юнисеф аз давлати Толибон дар Афғонисон барои бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтарона
(last modified 2022-09-10T16:01:05+00:00 )
Сентябр 10, 2022 21:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости Юнисеф аз давлати Толибон дар Афғонисон барои бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтарона
    Дархости Юнисеф аз давлати Толибон дар Афғонисон барои бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтарона

Сандуқи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтаронаро дар Афғонистон аз давлати Толибон хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сандуқи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз давлати Толибон дар Афғонистон хост то бар тасмимҳояш таҷдиди назар кунад ва тамоми мадрасаҳои духтаронаро бигушояд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ омдада аст дар маҷмуъи се миллион духтар дар Афғонистон аз рафтан ба мактабҳо боз монданд.

Аз сӯи дигар комисинӣ аз тарафи Толибон дар мавриди бозгушоӣ мадрасаҳои духтарона аз сӯи ин давлат вазифадор шуда буд, аммо ҳануз ҳеҷ натиҷаи аз кораш мунташир нашуда аст.

Гуруҳи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон ваъда доданд дар муқоиса бо даврае, ки пеш аз ин дар солҳои 1996-2001 қудратро дар даст дошт дар бораи риъояти ҳуқуқи бараш ва ҳуқуқи занон инъитофпазир бошад, аммо бештари мардуми Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ муътақиданд онҳо ба тадриҷ ҳуқуқи афғонҳо ва махсусан занонро маҳдуд карданд ва монеъи бозгашти онҳо ба мадрасаҳо шуданд ва иҷоза надоданд занон дар бисёри аз шуғлҳои давлатӣ ба кор гирифта шаванд.

Таъмини ҳуқуқи асосии занон ва бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтарона мавриди истифода қарор нагирифт хоки Афғонистон зидди кишварҳои дигар ва ташкили давлати фарогир дар ин кишвар аз пеш шартҳои  ҷомеъаи ҷаҳонӣ  барои ба расмият шинохтани давлати Толибон аст.