Толибон: Иҷоза нахоҳем дод ки аз хоки Афғонистон зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад
(last modified 2022-09-27T14:25:22+00:00 )
Сентябр 27, 2022 19:25 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Иҷоза нахоҳем дод ки аз хоки Афғонистон зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад
    Толибон: Иҷоза нахоҳем дод ки аз хоки Афғонистон зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи давлати муваққати Толибон гуфт, ки вазъияти амниятии Афғонистон барои ҳамсоягон ҷойи нигаронӣ надорад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва макони амни ифротигароии радикалии Толибон дар минтақа табдил мешавад. 

Вай афзуд: Мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст.

Дар вокуниш ба ин суханон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи давлати муваққати Толибон имрӯз эълом кард, иҷоза нахоҳем дод, ки аз хоки Афғонистон зидди кишвари дигаре истифода сурат гирад.

 

Барчасп