Сафари раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Узбекистон ва Қазоқистон
Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Узбекистону Қазоқистон сафар мекунад.
Охири моҳи октябри соли ҷории милодӣ, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ба Узбекистону Қазоқистон сафар мекунад.
Шарл Мишел барои гуфтугӯ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар охири моҳи октябр ба шаҳри Тошканд сафар кунад.
Шарл Мишел аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид мекунад. Вай дар мавриди сафарҳои қарибулвуқуъ ба Узбекистону Қазоқистон дар “Твиттер” навиштааст.
Ба гуфтаи вай, бино ба даъвати Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзҳои 26 ва 27 октябр дар шаҳри Остона басар мебарад ва дар дидори сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур пайдо мекунад.
Вай навишт, Иттиҳоди Аврупо омодаи таъмиқи равобит бо Осиёи Марказӣ ва ҳимоят аз ҳамкориҳои минтақаӣ аст.
16 ноябри 1994 байни Иттиҳоди Аврупо ва Узбекистон равобити сиёсӣ барқарор шуд.