Ноябр 10, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими равобит меҳвари дидори вазири хориҷаи Узбекистон ва сафири Қазоқистон

Вазири умури хориҷаи Узбекистон бо сафири ҷадиди Қазоқистон дидор кард.

Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбекистон бо Бейбут Атамкулов, сафири ҷадиди Қазоқистон дар Узбекистон дар шаҳри Тошканд дидору роҳҳои таҳкими беш аз пеши равобити ҳусни ҳамҷаворӣ, широкати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ кард.

Сафири ҷадиди Қазоқистон дар ин дидор устуворномаи худро тақдими вазири умӯри хориҷаи Узбекистон кард.

Тарафайн дар ин мулоқот омодагии худро барои анҷоми иқдомоти муштарак барои афзоиши беш аз пеши мубодилоти бозаргонӣ, иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои санъат, энержӣ, ҳамлу нақл ва луҷистик, кишоварзӣ ва дигари ҳавзаҳо эълом карданд.

Ҳамчунин бар поёбандии Узбекистону Қазоқистон барои ташдиди равобити фарҳангӣ таъкид шуд.

Арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021 , 3 миллиарду 900 миллиондоллар буд.

 

Барчасп