Алоқамандии рузноманигорони узбак барои ошноӣ бо расонаҳо ва шаҳрҳои Эрон
Рузноманигорони Узбакистон дар чорчуби дувумин боздиди расонаӣ намояндагони расонаҳои гуруҳии дохилӣ ва хориҷӣ хостори ошноӣ бо расонаҳо ва шарҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагони гуруҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар чорчуби дувумин боздиди расонаӣ, ки бо талоши мудирони корхонаи Зубоҳани Навоӣ бо ҳамкории Вазорати умури хориҷа ва анҷумани рузноманигрони Узбакистон дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах иҷро шуд бо ҳамдигар табодули таҷрубиёт карданд.
Холмуҳаммад Рауфов, раиси бахши матбуъоти корхонаи Зубоҳани Навоӣ дар маросими ифтитоҳияи дувумин боздиди расонаӣ гуфт: Ҳадаф аз баргузории ин боздиди расонаӣ густариши ҳамкориҳои судманд байни рузноманигрони дохилӣ ва хориҷӣ, табодули таҷрубиёт ва афзоиши маҳорати рузноманигроии ҷавонон аст.
Вай изҳор дошт дар ин боздиди расонаӣ намояндагони расонаҳои кишварҳои хориҷӣ монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Англис ва дигар кишварҳо ширкат карданд.
Дар дувумин боздиди расонаӣ, ки тавассути корхонаи Зубоҳани Навоӣ бо ҳамкории Вазорати умури хориҷа ва анҷумани рузноманигрони Узбакистон дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах иҷро шуд 55 нафар рузноманигрони дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчунин Олимҷон Авсоров, раиси анҷумани рузноманигорони Узбакистон Азамат Зариф намояндаи бахши матбуъотии корхонаи Зубоҳани Навоӣ ва дигарон ширкат карданд.