Декабр 01, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Аҳмад Масъуд аз толибони Афғонистон

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, акнӯн Афғонистон ба маҳали тамрину узвгирии террористҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва зиндони бузурги мардуми мазлӯми Афғонистони табдил шудааст.

Аҳмад Масъӯд дар даҳумин Конфронси байналмилалӣ "гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот", ки ба мизбонии пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли баргузарист, гуфт: «Мардуми Афғонистон бо вуҷӯди шароити ғайри қобили таҳаммули сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунон дар баробари ҳукӯмати толибон муқовимат мекунанду тааҳҳуди худро ба ормонҳои озодӣ ва баробарӣ иброз мекунанд.»

Аҳмад Масъуд дар ин конфронси ду рӯза, ки бо ҳадафи таҳлили вазъияти мавҷӯд ва ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон дар Душанбе баргузор шудааст, тасреҳ кард: Толибон бар хилофи омӯзаҳои исломӣ ва байналмилалӣ амал мекунад ва ба рӯйкардҳои саркӯбгарона ва ифротӣ пойбанд ҳастанд. Вай бори дигар бар зарурати эҷоди як ҳукӯмати фарогир бар асоси хости мардуми Афғонистон таъкид кард.

Конфронси дурӯзаи "гуфтугӯи амниятии Ҳирот" 29 ноябр дар Душанбе бо ҳузури 120 намоянда аз кишварҳои мухталиф оғоз шуд.

 

Барчасп