Таҳлил: Баргузории нишасти Ҳирот дар Тоҷикистон
Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузори аст. Ин нишаст аз соли 2012 ҳама сола дар Ҳирот баргузор шудааст аммо пас аз бозгашти муҷаддади Толибон ба қудрат дар Афғонистон ва фароҳам набудани шароит барои баргузории он, даҳумин иҷлоси амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Нуқтаи тафовути ин иҷлос бо соири иҷлосҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар мавриди Афғонистон ин аст, моҳият ва сохтори нишасти амниятии Ҳирот коршиноси меҳвар ва муташакил аз нухбагони сиёсӣ ва илмӣ аз кишварҳои минтақа ва худи Афғонистон ҳастанд. Агар чӣ бархе маҳофил дар Афғонистон бар ин боваранд афроди ширкат кунанда дар нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон амдатан аз афроди давлати қаблии Афғонистон ҳастанд аммо ончӣ муҳим аст инки нухбагон ва коршиносони масоили Афғонистон бо хурд ҷамъӣ ва иҷмоъи фикри битавонанд роҳи ҳалеро барои кумак ба ҳали мушкилоти Афғонистон биёбанд. Ба ҳар ҳол, ҳар нишасте, ки битавонад баёнгари таваҷӯҳи маҳофили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба масоили Афғонистон бошад ва инки ин кишвар фаромӯш нашуда, қобили таваҷӯҳ ва аҳамият аст.
Шарифипур, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд:
Таҷрӯбаи таърихии таҳавулоти Афғонистон нишон медиҳад, ки бо ин ҳисоргароӣ натанҳо қобили идора нест балки барои ҳали мушкилот ва масоили он низ ниёзманди ваҳдати назар ва ҳамдили миёни ҳама ҷараёнҳои сиёсӣ ва кавмӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон аст ва ҳар нишансте, ки ба эҷоди мафоҳима дар ин хусус кумак кунад муҳим талқи мешавад.
Тардиде нест мушкилоти Афғонистон натанҳо мардуми ин кишвар балки бо сарозерии он, кишварҳои ҳамсоя ва минтақаӣ низ бо чолиш мувоҷеҳ мешаванд. Афзоиши раванди муҳоҷиратҳо ва қочоқи маводи мухаддир, инсон ва силоҳ аз ҷумлаи чолишҳои ҷидди ноши аз идомаи бӯҳрон дар Афғонистон аст, ки амнияти марзҳо ва амнияти иҷтимоъии кимшварҳои ҳамсояи Афғонистонро мутаасир мекунад. Мавзӯъе, ки бидуни шак дар нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон низ матраҳ ва талош хоҳад шуд як роҳи ҳали илмӣ ва ҷомеъ барои ҳали он ироа шавад. Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон нигарони транзетии терроризм аз Афғонистон низ ҳастанд. Зеро яке аз аҳдофи муҳиме, ки барои Амрико дар пас аз хурурҷи ин кишвар аз Афғонистон тарсим мешавад, талоши Вашингтон барои интиқоли бақоёи гурӯҳи террористии ДОИШ ба Афғонистон ва Созмони даҳаи муҷаддади онон ба манзури эъзоми онон то марзҳои Чин аст то Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ноамн кунанд. Аз ин рӯ дар ҳар иҷлос ва нишҳасти марбут ба Афғонистон мавзӯъи терроризм ва рушди муҷаддади он дар ин кившар матраҳ мешавад. Албатта Толибон ваъда додааст, ки монеъ аз фаъолияти террористҳо дар Афғонистон шавад ва иҷоза надиҳад аз хоки ин кишвар амнияти кишварҳои ҳамсоя таҳдид шавад, Латиф Назарӣ коршиноси масоили сиёсӣ ва мудариси донишгоҳ дар Афғонистон дар ин бора мегӯяд:
Масоили амниятии унсури ҳаёти барои кишварҳои минтақа ба хусуси ҳамсоягони Афғонистон аст. Ба ҳамин далел дар ҳар иҷлосе дағдағаи худро матраҳ мекунанд. Бо таваҷӯҳ ба инки Амрико дар муддати ду ҳафтаи ишғоли Афғонистон иқдоми ҷиддӣ барои аз байн бурдани террористҳо дар Афғонистон сурат надода балки бар фаъолияти онҳо низ афзӯда шуд акнун ба чолиши бузурге барои Афғонистон ва кишварҳои минтақа табдил шудааст.
Дар ҳар ҳол баргузории нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон сарфи назар аз инки чӣ касоне дар он ҳузӯр доранд, баёнгари пайгири масоили Афғонистон аз сӯйи маҳофили мухталиф аст, ки дар навъ худ метавонад муассир бошад. Аммо инки нуқтаи назаротии нишасти амниятии Ҳирот ба Толибон, ки ҳокими феълии Афғонистон аст мунтақил ва ба он амал кунад, мавзӯъи муҳим ва қобили таваҷӯҳе аст, ки метавон онро натиҷабахш кунад. Бидуни шак Толибон боист бо иҷрои барномеҳое дар риояти ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистон ва таъкид бар таъаҳуди худ барои муқобила бо террористҳо заминаи ҳузӯри намояндагонашро дар нишастҳои минтақаӣ фароҳам кунад. Даъват нашудани Толибон барои нишасти ахири Афғонистон дар Маскав пойтахти Русия ва эҳтимолан дар нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон метавонад ин гурӯҳро аз таҳавулот ва рӯйдодҳои ҷамъӣ минтақаӣ ва байналмиллалии даври кунд, ки қатъан ба нафъи мардуми Афғонистон нест.
Бештар бихонед: