Оғози содироти нафти Қазоқистон аз масир Боку-Тблис-Ҷайҳон дар соли 2023
Қазоқистон аз аввали январи 2023 содироти нафт аз тариқи хати лулаи Боку-Тблис-Ҷайҳонро оғоз хоҳад кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Алихон Исмоилов нахуствазири Қазоқистон эълом кард кишвараш аз аввали январи соли оянда 1.5 миллион тон нафт аз масири хати лулаи Боку- Тблис -Ҷайҳон содир хорҳад кард.
Бино бар гуфтаи вай, дар мавриди афзоимши ҳаҷми содироти нафт тавассути ин хати лулаи 6.5-6 миллимон тон низ музокирот дар ҳоли анҷом аст.
Исмоилов ҳамчунин гуфт: Ширкати нафти" Тенгиз шур овил" ба манзури афзоиши содироти нафт аз тариқи роҳи оҳан иқдом ба харид ва афзоиши дубаробарии вагонҳои махзандор( бонкер) карда ва интиқоли маҳлулаҳои озмоишӣ ба мақсади Гурҷистон ва Узбакистон оғоз шудааст.
Нахуствазири Қазоқистон хотирнишон кард: Давлати кишвраш ба манзури танавуъ бахшидан ба содироти нафт, нақшаи роҳи вижаеро тадвин кардааст. Аз ҷумла бандари Боку ва аз онҷо ба самти Боку- Тблис- Ҷайҳон яке аз хутути мавриди назар аст. Иловабарон масирҳои Боку- Супса ва Боку- Батуми низ манзур шудааст Қазоқистон дар онҷо дороӣ терминол аст. Ҳамчунин ба Узбакистон ва Чин ҳам нафти Қазоқистон содир хоҳад шуд.
Исмоилов таъкид кард, ки кишварҳои ҳамсоя аз иқдомоти Қазоқистон ҳимоят карда ва омодаи ҳамкори ва дар ихтиёри он қарор додани фурсатҳои транзетии худ ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Тавлиди солона 90 миллион тон нафти хом дар Қазоқистон
-
Оғози содироти бензин ва нафти Қазоқистон ба Осиёи Марказӣ аз баҳори имсол