Чархиши мақоми Толибон дар мавриди мамнӯъияти таҳсили донишҷӯёни духтари афғон
Мақоми Толибон, ки чанде пеш бо идомаи таҳсили духтарони донишҷӯ башиддат мухолифат карда буд ,таваққуфи идомаи таҳсили духтарони афғонро ба авомили берунӣ нисбат дод .
Толибон ба далели манъи идомаи таҳсили духтарони болотар аз синфи шашум ва ҳамчунин дастури мамнӯъияти таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо башиддат аз сӯи ҷомеъаи байналмиллалӣ таҳти фишор қарор гирифтааст . Расонаҳои афғонӣ дирузи афзоиши қимати доллар дар баробари « афғонӣ »-воҳиди пули миллии Афғонистонро ба вокуниши ҷомеъаи байналмиллал ба тасмими ахири Толибон дар мамнӯъияти идомаи таҳсили донишҷӯёни духтар нисбат доданд .
Нидо Муҳаммад Надим-вазири омӯзиши олии давлати муваққати Толибон ҷумъаи пеш дар Твиттер навишта буд: Ҳузури занон дар донишгоҳ, парк ва салонҳои варзишӣ намоде аз « беиззатӣ, фасод ва беномусӣ » аст .
Зоҳиран вазири омӯзиши олии давлати муваққати Толибон пас аз мувоҷиҳа бо интиқодҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз мавозиъи худ ақибнишинӣ кардааст . Надим дирӯз ваъдаи талош барои эҷоди шароити муносиб барои идомаи таҳсили духтаронро дод .
Ба гузориши хабаргузории Шафақно, Нидо Муҳаммад Надим-вазири омӯзиши олии давлати муваққати Толибон дар дидор бо Маркс Потзл, муовини сиёсии дафтари муовинати Созмони Миллал манъи таълиму таҳсили духтаронро бархоста аз « авомили хориҷӣ » хонд .
Дар ҳоле ки бисёре аз шахсиятҳои мазҳабӣ аз ҷумлаи донишгоҳи Алазҳари Миср манъи таҳсили донишҷӯёни духтар дар Афғонистонро муғойир бо таъолими исломӣ тавсиф кардаанд,Надим муддаӣ шуд давлати муваққати Толибон қасд дорад фазои омӯзишӣ ва таҳсилии муносиберо мунтабиқ ба « шариъати исломӣ » дар ин кишвар эҷод кунад .
Толибон аз замони касби қудрат дар августи 2021 барои касби машрӯъияти байналмиллалӣ талош мекунад. Ҷомеъаи байналмиллал низ қабули ин хостаро ба шартҳое ҳамчун пойбандии ин гуруҳ ба ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон ва ташкили давлати фарогир вобаста кардааст . То кунун ҳеҷ як аз ин ду хоста амалӣ нашудааст .
Бештар бихонед :
- Гузориши вижа. Роҳандозии компайн дар эътироз ба манъи таҳсили духтарон дар Афғонистон
-
Ҳимояти Донишгоҳи улӯмпизишкии Эрон аз идомаи таҳсили донишҷӯёни афғонистонӣ