Вокунишҳои густардаи байналмиллалӣ ва дохилӣ ба инфиҷор дар Афғонистон
Инфиҷори асри дируз ( чаҳоршанбе ) баробари бинои Вазорати умӯри хориҷаи Афғонистон вокунишҳои густардаи байналмиллалӣ ва дохилиро ба ҳамроҳ доштааст .
Бемористони Кобул шумори маҷрӯҳони ин инфиҷорро чиҳил нафар эълом кард ва афзуд : Талафоти ин инфиҷор дар ҳоли афзоишаст . Толибон ҳам шумори куштаҳоро панҷ нафар эълом кард ва афзуд : Шуморе дар ин инфиҷор захмӣ шуданд . Ин нахустин бор аст, ки дар баробари вурӯдии Вазорати хориҷаи Афғонистон инфиҷор рӯй медиҳад.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар паёме инфиҷори асри чаҳоршанбе баробари Вазорати хориҷаи Афғонистонро маҳкум ва аз куштаву захмӣ шудани кормандони вазорати хориҷа ибрози таассуф кард . Сафорати Олмон дар Кобул низ дар сафҳаи тветтерш дар ин ҳамла ҷон бохтани афроди бегуноҳро шармовар хонд .
Вазорати хориҷаи Афғонистон низ шаби гузашта дар паёме дар вокуниш ба ин инфиҷор, ки ДИИШ масъӯлияти онро бар уҳда гирифт эълом кард : Душманони Афғонистон бояд бидонанд, ки бо чунин аъмоли ноҷавонмардона ба аҳдофи шуми худ даст намеёбанд ва омилони чунин рӯйдодҳое ҷинояткор ҳастанд .
Ато Муҳаммади Нур-раиси шохаи Ҷамъияти исломии Афғонистон низ дар паёме ин инфиҷорро маҳкум ва аз ҷон бохтану захмӣ шудани кормандони вазорати хориҷа ба унвони неруҳои таҳсилкардаи ин кишвар ибрози таассуф кард . Вай ин инфиҷорро вобаста ба ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон донист .