Тошканд мизбонӣ вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мизбонии Тошканд баргузор мешавад.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар таърихи 23 то 24 январи 2023 дар Тошканд баргузор мешавад.
Қарор аст дар ин маросим ҳайатҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Узбакистон ва ҳамчунин Дабри кули Оку ҳузӯр хоҳанд дошт.
Лозим ба зикр аст, ки Оку як сохтори минтақаи байни давлати аст, ки дар соли 1985 ба манзури иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа таъсис шуд. Заминаҳои аслии ҳамкории тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, энержӣ, гардишгарӣ, кишоварзӣ ва санъат аст.