Тошканд-мизбони нишасти Шӯрои мақомоти аршади кишварҳои узви ЭКО
(last modified Tue, 24 Jan 2023 06:29:41 GMT )
Январ 24, 2023 11:29 Asia/Dushanbe
  • Тошканд-мизбони нишасти Шӯрои мақомоти аршади кишварҳои узви ЭКО

Нишасти давраии Шӯрои мақомоти аршади кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ЭКО ) дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистон баргузор шуд .

Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО-як созмони минтақаии байнидавлатии иқтисодӣ аст ва дар соли 1985 эҷод шудааст. Эрон, Тоҷикистон,Покистон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон,Туркманистон ва Узбекистон аъзои ин созмон ҳастанд . Аз ҷумла ҳафт кишвари Қазоқистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар соли 1992 довталабона ба Созмони ҳамкорӣ иқтисодӣ пайвастанд .
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин нишаст ҳайатҳои кишварҳои Осиёи марказӣ, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Эрон ва Покистон ва ҳамчунин дабирхонаи ЭКО ҳузур доштанд .
Хусрав Нозирӣ-дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар маросими ифтитоҳияи ин нишаст аз корҳои созмонӣ ва муассир дар баргузории ин нишаст қадрдонӣ ва ибрози итминон кард ҳамкориҳои мутақобили минтақаӣ беш аз пеш тавсеа пайдо кунад .
Дар панҷоҳумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 1995  қатъномаи ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба тасвиб расида ва аз он замон ин созмон аз мақоми нозир дар Созмони Миллали Муттаҳид бархурдор аст. Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчунин мақоми нозирро дар Созмони ҳамкории исломӣ дорад .

Бештар бихонед :