Январ 31, 2023 19:52 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии футзали бонувони Эрон дар КОФО, Каримӣ беҳтарин бозикун ва Ширинбеги хонуми гол шуданд.
    Қаҳрамонии футзали бонувони Эрон дар КОФО, Каримӣ беҳтарин бозикун ва Ширинбеги хонуми гол шуданд.

Тими миллии бонувони Эрон унвони қаҳрамонии дувумин даври аз мусобиқоти футзали бонунвони КОФО-ро ба худ ихтисос доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими ихтитомияи мусобиқоти футзали бонувони КОФО шаби душанбе аз соати 19 ба вақти маҳали баргузор шуд, ки бар асоси эъломи масъулини баргузоркунандаи ин мусобиқот беҳтаринҳои ин мусобиқот мушахас шуданд.

Соро Ширинбеги унвони хонуми гол, Фаришта Каримӣ унвони беҳтарин бозикунро касб карданд.

Тоҷикистон ҷоизаи бозии ҷавонмардонаро ба худ ихтисос дод.

Тимҳои Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тартиб унвони аввал то чаҳоруми ин мусобиқотро касб карданд.

Заҳро Раҳими ва Сумая Тоҳири ба унвони доварон дар ин мусобиқот ба ҳамроҳи доварони аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон довари карданд.

Сармурабии тими миллии футзали занони Эрон гуфт: Дидор бо Тоҷикистон ва Қирғизстон пеш аз руёруӣ бо Узбакистон барои мо ҳукми бозии тадорукоти дошт.

Фурузони Сулаймонӣ сармурабии тими миллии футзали бонувон дар бораи пирузии шогирдонаш баробари Узбакистон ва қаҳрамони дар рақобатҳои КОФО гуфт: Бозиҳои Узбакистонро анализ карда ва нуқоти заъф ва фуваташро ба милипушон гушзат карда будем.

Сармурабии тими миллии футзали бонувон идома дод: Узбакҳо бисёр физики бози мекарданд се моҳ аз урдуҳои тадорукотии ин тим мегузарад ва комилан омода буданд, аммо шогирдонам бо талош ва ғайрат се руз урдуи тадорукоти по ба ин мусобиқот гузошта ва дар ниҳоят бо талош қаҳрамон шуданд.

Ин қаҳрамони мубораки мардуми Эрон бошад.

Барчасп