Пас аз се сол мошинҳои боркашии Тоҷикистон вориди Чин шуданд
Пас аз се сол таваққуф ба далели густариши бемории корона мошинҳои боркашии Тоҷикистон вориди Чин шуданд.
Вазорати ҳамлунақли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид шудани мошинҳои боркашии Тоҷикистон пас аз се сол густариши бемории корона ба Чин хабар дод.
Ба гузориши Ховар ин вазоратхона дар баёнияи эълом кард: Пас аз се сол таваққуф ба далели густариши вируси корона барои аввалин бор мошинҳои боркашии Тоҷикистон вориди хоки Чин шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки аз соли 2020 ба далели густариши вируси корона мошинҳои боркашии Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки кишвари ҳамсояро надоштанд ва ин маҳмула тавассути мошинҳои боркашии чинӣ ба марз ворид ва аз онҷо бо мошинҳои боркашии Тоҷикистон ба дохили кишвар мунтақил мешуд, ки барои ин кор замон ва ҳазинаи бештари сарф мешуд.
Аз 8 январи соли ҷорӣ Чин маҳдудиятҳои аслии вурудиро, ки ба унвони бахши аз мубориза бо вируси корона муъаррифи шуда бекор кард.