Азми Қазоқистон ва Узбакистон барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобил ба 10 миллиард доллар
(last modified 2023-02-06T15:52:02+00:00 )
Феврал 06, 2023 20:52 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон ва Узбакистон барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобил ба 10 миллиард доллар
    Азми Қазоқистон ва Узбакистон барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобил ба 10 миллиард доллар

Дар дидори нахуствазири Қазоқистон ва Узбакистон бархе масоили калиди дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон ва Абдулло Орифов, нахуствазири Узбакистон баъд аз нишасти шурои байни давлатии Авруосиё дар шаҳри Алмат бо якдигар дидору гуфтугу карданд.

Дар ин дидор барномаҳои ду кишвар дар заминаи рушди таъомулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ, транзити ва ҳамлунақл, об ва энержи ва ҳамчунин иқдомоти муштарак дар мавриди ҳамкориҳои саноати ва кишоварзӣ ҳамоҳанг шуд.

Исмоилов таъкид кард байни ду кишвар равобити мутаносиби қави эҷод шуд, ки ба таври пуё дар ҳамаи заминаҳо рушд меёбанд бар ин тартиб тиҷорати дуҷонибаи ду кишвар дар соли гузашта тақрибан 30 дарсад афзоиш ва ба нуқтаи барномарезишудаи 5 миллиард доллар расид.

Барчасп